ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ҳайъате аз идораи ҳавонавардии Вазорати таробарии Тоҷикистон, ки аз 7 апрел дар Маскав ҳузур дорад, имрӯз музокирот бо тарафи Русияро дар мавзуъи мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишвар идома хоҳад дод.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости дар Вазорати таробарии Русия иттилоъ додаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки музокирот 7-8 апрел баргузор хоҳанд шуд ва натоиҷи он 8 апрел эълом мешавад.
Бино бар гузориши расонаҳо, музокирот ба натиҷае нарасида ва имрӯз идома хоҳанд ёфт.