ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари расонаии Вазорати умури хориҷа, ин ҷашн 8 апрел бо ширкати теъдоди бисёре аз тоҷикону эрониёну афғонистониёни муқим дар ин кишварҳо баргузор гардид.
Дар бахши расмии ин барнома сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода фаро расидани Соли нави миллиро ба меҳмонон табрик гуфт.
Базми наврӯзиро гурӯҳи ҳунармандони шинохта, аз ҷумла Парвина Юсуфӣ ва Ноҳид Зайналпур, бо суруду таронаҳо ва рақсҳои зебои тоҷикона гарм карданд. Ҳамчунин дар пайравӣ аз суннатҳои неки наврӯзӣ дар ин барнома мушоираву байтбарак баргузор шуд ва аҳли шеъру адаби форсии кишварҳои Тоҷикистону Эрону Афғонистон шеърхониву суханронӣ карданд.
© Фото : Вазорати умури хориҷаи ҶТҶашни наврӯзии сафорати ҶТ дар Бенилюкс
Ҷашни наврӯзии сафорати ҶТ дар Бенилюкс
Ҷашни наврӯзии сафорати ҶТ дар Бенилюкс