ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Мақомҳои амниятии Афғонистон эълом кардаанд ки дар як шабехуни ҳавоӣ бо паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин бар ҷангҷӯёни "Толибон" дар вилояти Кундуз, 11 тан аз онҳоро нобуд кардаанд
Бино ба гузориши Шеразиз Комавол, фармондеҳи умумии пулис дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон, ин ҳамла дар ноҳияи Дашти Арчӣ сурат гирифта, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дар паи ин шабехун, ки шаби 8 ба 9 апрел дар деҳаи Муллоқулӣ зада шуда, волии толибонии ноҳияи Дашти Арчӣ Асадуллоҳ Мазлумёр, яке аз фармондеҳони муҳими "Толибон" Абдулҳаннон ва 9 ҷангҷӯи дигар кушта шуданд. Дар миёни онҳо 8 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд, ки нерӯҳои Толибонро минсозӣ ёд медодаанд.
Фармондеҳ Комавол ҳамчунин аз эҳтимоли кушта шудани Шоҳвалӣ ном яке дигар аз фармондеҳони "Толибон" дар ноҳияи Хонобод низ хабар дод. Ӯ гуфт, гузоришҳои аввалия нишон медиҳанд, ки шумори ҷангҷӯёни кушташудаи "Толибон" бояд бештар аз 11 тан бошад.