ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории Душанбе, дар поёни ҳафтаи гузашта дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино маросими оғози сохту сози биноҳои нави ду мактаб бо ширкати Рустам Эмомалӣ баргузор шуд.
Сохтмоне, ки барои дабиристони № 18 дар ноҳияи Фирдавсӣ сохта мешавад, 320 донишомӯзро ҷой хоҳад дод. Ин сохтмонро бо ҳазинаи 8 милюну 400 ҳазор сомонӣ ва бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳанд сохт. Паймонкори сохту соз ширкати сохтмонии "Ҳамсафар" аст ва тарҳи онро ширкати тарроҳии "Абрис" омода кардааст.
Сохтмоне, ки барои дабиристони № 99 дар ноҳияи Сино хоҳанд сохт, 480 донишомӯзро ҷой хоҳад дод. Он ҳам бо супориши Вазорати маорифу илм сохта мешавад ва бунёди онро ширкати сохтмонии "Ниагара" бар уҳда гирифтааст.
Дар ин ноҳия ҳамчунин муҷтамеъи варзишиву тафреҳие барои бозиву варзиши кӯдакону калонсолон ба баҳрабардорӣ расид ки онро шаҳрдории Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ сохтааст. Ин варзишгоҳ майдонҳое барои бозии волейбол, баскетбол, футбол ва варзишафзорҳое барои варзишҳои гуногун дорад ва комилан бо талаботи шаҳрсозиии муосир созгор аст. Шаҳрдорӣ тасмим дорад ки дар ҳама маҳаллаҳои пойтахт боз 78 то чунин варзишгоҳу истироҳатгоҳро бунёд кунад.
Ҳамчунин шаҳрдор дар маросими роҳандозии зергузаре дар чорроҳи майдони Сарҳадчиён ва хиёбони Гагарин ширкат кард. Ин зергузар бо дар назар гирифтани талаботи шаҳрсозии муосир бунёд гардида, бо меъёру талаботи қоидаҳои роҳсозӣ созгор аст. Онро Раёсати сохтмон, навсозӣ ва таъмири роҳу пулҳои шаҳри Душанбе бо ҳазинаи 21 милюну 450 ҳазор сомонӣ сохтааст.