Тоҷикистон ва Қазоқистон бар густариши ҳамкориҳои роҳбурдӣ таъкид карданд

Обуна шудан
Сироҷиддин Аслов дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд дар Тошканд бо ҳамтои қазоқистонияш дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Чанде пеш дар Тошканд нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд баргузор шуд ки Сироҷиддин Аслов дар кори он ширкат дошт.

Бино ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ҳошияи ин нишаст мулоқоти дуҷонибаи вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо вазири умури хориҷаи Қазоқистон Ғайрат Абдураҳмонов баргузор шуд.

Вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар ин мулоқот вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла фарораванди иҷрои тавофуқоти қаблӣ ва санадҳои имзошударо баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои дарозмуддату роҳбурдии ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангиву инсонӣ ва дигар заминаҳо баррасӣ карда ва бар жарфтару густардатар карданашон таъкид карданд.

Сироҷидин Аслов дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин бо вазири умури хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев ва ҳамтои узбакистонияш Абдулазиз Камилов низ дидору мулоқот карда буд. 

Лентаи хабарҳо
0