Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои илмиву фанниро густариш медиҳанд

© Фото : ВКХ ҶТҲамрохон Зарифӣ ва Казуаки Кавабата
Ҳамрохон Зарифӣ ва Казуаки Кавабата - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Токио дар мулоқот бо масъулини Вазорати омӯзиш, фарҳанг, варзиш, илм ва фанноварии Ҷопон бар афзоиши бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ таъкид кард

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио Ҳамрохон Зарифӣ бо мудири кулли равобити байнулмилалии Вазорати омӯзиш, фарҳанг, варзиш, илм ва фанноварии Ҷопон Казуаки Кавабата мулоқот кард.

Бино ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин мулоқот, ки 7 апрел баргузор шуда, масоъили ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои омӯзиш, илму фанноварӣ, фарҳанг ва варзиш баррасӣ шуданд. Ҳамрохон Зарифӣ ва Казуаки Кавабата бар афзоиши бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷопон барои Тоҷикистон ва тавсеъаи ҳамкорӣ дар заминаи табодули таҷрубаҳои варзишӣ таъкид карданд.

Дар ин мулоқот тарафайн ба манзури тақвияти равобити ду кишвар якчанд пешниҳоди мушаххас, аз ҷумла, баргузории нахустин нишасти Комисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва илмии Тоҷикистону Ҷопонро ҳамоҳанг карданд.

Лентаи хабарҳо
0