ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Маскав ва Душанберо дар номае ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.
Дар ин барқияи табрикӣ, ки матни онро дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир кардааст, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни муҳим — 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон қабул фармоед.
Дар давоми солҳои гузашта робитаҳои Россияву Тоҷикистон дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, ки мардумони моро ба ҳам меоранд, босамар рушд карданд. Беш аз 150 созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳо танзим мекунанд. Ҳамгироии самаранок дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ, САҲА ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.
Мутмаинам, ки мо минбаъд низ муносиботи шарикии стратегии миёни Россия ва Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшида, кӯшишҳоро баҳри мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамоҳанг месозем, ки ин, бешубҳа, ба манфиатҳои умумии мо ҷавобгӯ буда, ба самти таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ равона мегардад.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович аз самими қалб тансиҳатию муваффақият ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бурдбориву шукуфоӣ таманно дорам».