ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон 600 коришиноси низомиро барои Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар омода кард.
"Ин омодасозии неруҳо дар чорчӯби тавофуқномаи ҳузури пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст ", — гуфт сухангӯи Минтақаи марказии низомии Русия саргурд Николай Беркалов.
Давраҳои омӯзишӣ дар размоишгоҳҳои "Лоҳур" ва "Сумбулӣ" баргузор шудаанд.
"Дар ин давраҳо сарбозону афсарони НМ ҶТ тахассусҳои механик—ронанда, корвари тонк, нишонгири рокетандози БМ-21 "Град" ва норанҷакандозро аз худ карданд", — гуфт вай.
Омӯзишҳо дар бахши амалӣ ва назарӣ баргузор шудаанд ва низомиёни тоҷик пас аз омӯзишҳои назарӣ корбурди ҷангафзорҳоро дар амал тамрин кардаанд.
Низомиёни Русия ва Тоҷикистон аз 27 то 30 март размоише доштанд ки дар он 50 ҳазор сарбозу афсари Артиши миллии Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомии Русия ширкат дошатнд.
Размоишҳо дар 5 размоишгоҳ — "Ҳарбмайдон", "Момирак", "Московский", "Лоҳур" ва "Сумбулӣ" баргузор шуда буданд.