Сироҷиддин Аслов дар Тошканд бо ҳамтоёни хориҷияш мулоқот кард

Обуна шудан
Сироҷиддин Аслов дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд дар Тошканд бо бархе аз ҳамтоёни хориҷияш дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Тошканд нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд баргузор мешавад ки Сироҷиддин Аслов дар кори он ширкат дорад.

Бино ба гузориши дафтари матбуъотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин нишаст масоъили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъиву гуманитариро баррасӣ мешаванд.

Дар ҳошияи ин нишаст, мулоқоти дуҷонибаи вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо вазирони умури хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон баргузор шуд.

Сироҷидин Аслов ва Эрлан Абдилдаев масоили рушди равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кирғизистон ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисоду бозаргонӣ, таробарӣ, масоъили марзӣ ва марзнишинонро баррасӣ карданд. Дар ин дидор ҳамчунин масоъили минтақаӣ ва байнулмилалӣ низ баррасӣ шуданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳамтои узбакистонияш низ дидору мулоқот кард.

Сироҷидин Аслов ва Абдулазиз Камилов вазъи кунунии равобити Тоҷикистону Узбакистон ва дурнамои рушди он, аз ҷумла дар чорчӯби Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсудро баррасӣ карда ва дар бораи масоъили минтақаӣ ва байнулмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Лентаи хабарҳо
0