Сангрезиш дар Хоруғ мардумро аз хонаҳо гурезонд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкХорог - главный город таджикского Памира, архивное фото
Хорог - главный город таджикского Памира, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сангрезиш дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз хатарҳоест ки ҳамвора ҷону моли мардумро таҳдид мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Сангрезише, ки дирӯз бомдод дар шаҳри Хоруғ рух дод, мардумро водор ба гурез аз хонаҳояшон кард.

Дар наворе, ки яке аз сокинони маҳаллаи Гӯлакен дар шаҳри Хоруғ нашр кардааст, дида мешавад, ки сангҳое бузург аз кӯҳ сарозер мешаванд. Даҳҳо сокини маҳалла шитобон хонаҳои худро тарк мекунанд.

Зоҳир Шомусалламов, ки аз ин сангрезиш филм гирифтааст, зери видеояш навиштааст:

Муҳтарам аҳли ҷамоъат.
Имрӯз, 5 апрели соли ҷори 9:43 am, мо шоҳиди фаромадани сангчарх дар ш. Хоруғ, маҳаллаи Сайфулло Абдуло (Гӯлакен) гардидем .
Бинобар ин аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои бехатарии ҷони худ ва фарзандонатон ба ҷойҳои амну бехатар кӯчида дар ҷойҳои эҳтимоли фаромадани сангчарх гашту гузор нанамоед. Агар наздикон ва хешу таборатон дар ҷойҳои хатарзо зиндагӣ доранд, ба онҳо кумак расонед то ин мавзеъҳоро то муътадил гардидани боду ҳаво ҳарчи зудтар тарк намоянд.
Худованд нигаҳбони ҳамаи мову Шумо бошад. Омин!

Бино ба гузориши расонаҳо, дар паи сангрезише ки ин авохир рух дода, дар Хоруғ чандин хона вайрон шудаст. Чунончи, бино ба иттилоъи сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, аз сангрезиш як хона пурра вайрон шуда ва 10 хона сахт ё андаке осеб дидаанд. Беш аз 300 хонавода ҷобаҷо шудаанд.

Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ин ҳафта дар паи гарм шудани ҳаво рӯдҳо туғён хоҳанд кард ва сангрезиш бештар хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0