Дар Душанбе ҳам "Диктанти саросарӣ" баргузор мешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОзмуни байнулмилалии дурустнависии русӣ "Имлои саросарӣ"
Озмуни байнулмилалии дурустнависии русӣ Имлои саросарӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар хоҳишманде метавонад русидонияшро дар озмуне бисанҷад, ки 8 апрел дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе ва Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Озмуни байнулмилалии дурустнависии русӣ "Имлои саросарӣ" имсол дар шаҳри Душанбе ҳам баргузор мешавад.

Ба гузориши равобити умумии Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, ин озмун, ки мубтакираш Бунёди густариши забондонии шаҳрвандон аст, 8 апрел дар апрел дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе ва Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ширкат дар ин озмун барои ҳама озод аст ва ширкаткунандагон гувоҳинома дарёфт хоҳанд кард. Касоне, ки имлоро бо болотарин шумора бинависанд, афзун бар гувоҳинома ҷоиза низ дарёфт хоҳанд кард. Маросими тақдими ин гувоҳинома ва ҷоизаҳо 6 июн — дар рӯзи бузургдошти Пушкин баргузор мешавад.

"Имлои саросарӣ" барномаи омӯзишиест ки аз соли 2004 бо ҳадафи густариши савод дар Русия ва бархе дигар аз кишварҳо баргузор мешавад. Ин барнома имкон медиҳад ки хоҳишмандон саводу русидонии худро бисанҷанд. Дар ин озмун, ки маъмулан ба забонҳои русӣ ва миллии ҳар кишваре баргузор мешавад, матнҳоеро аз маъруфтарин шоъирон, нависандагон, намоишноманависон ва рӯзноманигорон мехонанд ва ширкаткунандагон бознависӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0