ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳайъати вазорати таробарии Тоҷикистон имрӯз ба Маскав мерасад ва музокирот бо тарафи русӣ 7-8-уми апрел баргузор хоҳанд шуд.
Бино ба гузориши равобити умумии вазорати таробарии Русия, музокирот бо ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон 7 — 8-уми апрел баргузор мешаванд.
"Мо аз вазорати таробарии Тоҷикистон хабар гирифтем, ки онҳо ду рӯз — 7-8-уми апрел дар Маскав монда, бо мо дар гуфтушунид мешаванд", — гуфт манбаъ дар вазорати таробарии Русия.
Пештар манбаъи РИА Новости хабар дода буд, ки Тоҷикистон тасмимоташ дар бораи лағви парвозҳои ширкати "Уральских авиалиний" ва "ЮТэйр"-ро иҷроӣ накардааст.