Бино ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, Сирки давлатии Маскав ду ҳафта меҳмони шаҳри Хуҷанд мешавад ва барномаи "Шоҳзодаи Миср ва 10 шер"-ро пешкаши тамошобинон мекунанд.
Сафари ҳунарии Сирки Маскав бо даъвати раиси вилоят сурат гирифтааст. Нахустин намоишҳо 8 ва 9 апрел дар «Қасри варзиш» баргузор мешаванд.
Барномае ки пешкаши хуҷандиён мешавад, аз ду бахш иборат аст ва то 23 апрел иҷро мешавад. Ширинкорон, дорбозон, бандбозон ва бадалкорон (каскадёрҳо) бо барномаҳои ҷолибе чун «Чархи марг» ва «Мото-курра» ва ромкунадагон бо шерҳову мору сагу дигар ҷонварон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ин нахустин намоиши сирк дар шаҳри Хуҷанд пас аз 32 сол мебошад.
Сирки Маскав пеш аз сафар ба Хуҷанд дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ кард.