ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Кормандони пулиси Маскав маъмурият ёфтаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки қонуни муҳоҷиратро нақз кардаанд, муваққатан ҷарима накунанд.
Бино ба гузоришҳои Life.ru ин маъмурият дар чорчӯби барномаи афви муҳоҷирон сурат мегирад, ки аз 25-уми март то 24-уми апрел амалӣ мешавад.
Бино ба фармони Раёсати умури дохилаи бахшҳои маъмурии Маскав, пулис набояд муҳоҷиронеро, ки муқаррароти муҳоҷиратиро нақз кардаанд, ҷарима бандад.
Ёдовар мешавем, ки дар паи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон ва музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон, муқаррар шуд ки аз 25-уми март то 24-уми апрел дар қаламрави Русия авфи муҳоҷирони тоҷикистонӣ баргузор шавад.