Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо сафари дурӯзаи корӣ дар Маскав қарор дошт. Гуфта мешавад, ки дар рафти ин сафар сарони ду кишвар 55 санади ҳамкорӣ ба маблағи куллии 16 милёрд дулор имзо кардаанд.
Раисҷумҳури Узбакистон дар маросими имзои қарордодҳо аз раисҷумҳури Русия барои пешвози самимӣ сипосгузорӣ кард ва аз ӯ даъват кард аз Узбакистон дидан кунад.