“Дӯст он бошад..”: Вазорати таробарии Русия Тоҷикистонро ба музокирот фаро хонд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкҶадвали парвозҳо
Ҷадвали парвозҳо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баҳс миёни созмонҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Русия бар сари парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар дубора авҷ гирифтаанд. Русия аз Тоҷикистон хостааст ин баҳсро пушти мизи музокирот ҳаллу фасл кунанд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазири таробарии Русия аз ҳамтои тоҷикистонияш даъват карда ки мушкилро пушти мизи музокирот ҳаллу фасл кунанд.

Вазири таробарии Русия Максим Соколов имрӯз ба хабарнигорон гуфт: "Ба тарафи Тоҷикистон даъватнома фиристодаем. Мо ҳамеша омодаем ва дарамон ба рӯи музокирот боз аст. Агар хоста бошед, ҳамин суханҳои маро даъвати ошкоро ба музокирот талаққӣ кунед. Вале таъкид мекунам, ки мо чунон ки бояд посух хоҳем дод".

Ёдовар мешавем, ки пештар як масъули Вазорати таробарии Тоҷикистон созмони ҳавонавардии кишварии Русияро муттаҳам ба нақзи қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ кард.
Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, ин масъули Идораи ҳавонавардии кишварӣ, гуфта, ки номаи Вазорати таробарии Русия дар бораи маҳдудсозии парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" чанде пеш дарёфт шудааст.

Ин масъул, ки номаш оварда нашудааст, афзудааст: "Дар чорчӯби иҷрои протоколи нишасти комисюни байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки моҳи январи соли равон баргузор шуд, ширкати ҳавопаймоии "Ямал" раводиди анҷоми парвоз дар масирҳои Жуковский — Душанбе — Жуковский ва Жуковский — Хуҷанд — Жуковский дар мавсими тобистон, яъне аз поёни моҳи апрелро, дарёфт кард".

Вай гуфт, "Русия бо маҳдуд кардани парвозҳои ширкати мусофирбарии "Сомон Эйр" қарордоди мусофирбарии ҳавоиро нақз кард".

Чуноне ки пештар хабар дода будем, Вазорати таробарии Русия аз соати 05:30 UTC 3 апрел парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Душанбе (4 парвоз дар ҳафта) ва аз Хуҷанд (3 парвоз дар ҳафта) маҳдуд кард.

Лентаи хабарҳо
0