ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар размоишгоҳи "Чоруқдарон" дар вилояти Суғд размоиши токтикии зиддитеруристӣ баргузор мешавад.
Бино ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, дар ин размоиш, ки дирӯз, 4 апрел оғоз ёфтааст, нерӯҳои заминӣ ва сарбозони подгони вилояти Суғд ширкат мекунанд. Ҳамчунин дар он аз ҳавопаймоҳои ҷанганда, зиреҳпӯшҳо ва дигар ҷангафзорҳо истифода бурда мешавад.
Ба гуфтаи раҳбари маркази матбуъотии Вазорати дифоъи ҶТ Фаридун Маҳмадализода, ин размоиш дар се марҳила баргузор мешаванд ва машқҳои амалӣ ва омӯзишҳои назариро дар бар мегиранд.
Дар назар аст, ки дар раванди размоиш омодагии ҷангии сарбозон, ҳамоҳангии нерӯҳо дар сурати падид омадани таҳдидҳо, тавони низомӣ ва ҷисмонӣ ва басеҷидани нерӯҳо дар ҷанг бо теруристҳо дар дашту ҳамворӣ озмоиш шавад.