Консулгарии ҶТ қазияи боздошти шаш муҳоҷирро пайгирӣ мекунад

© Фото : страница Сарвара Бахти в FacebookСарвар Бахти, аксм аз бойгонӣ
Сарвар Бахти, аксм аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Сарвар Бахтӣ иттилоъ медиҳад, ки сарконсули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ин қазияро пайгирӣ дорад то дониста шавад ки оё дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ё на.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Сарвар Бахтӣ дар ин бора ба РИА Новости хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, сарконсули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ин қазияро пайгирӣ дорад то дониста шавад ки оё дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ё на.
Ҷузъиёти ин пайгирӣ бо дарёфти иттилоъоти бештар хабар дода хоҳанд шуд.

Чунон ки пештар иттилоъ дода будем, бозҷӯёни Кумитаи бозҷӯии Русия имрӯз дар раванди амалиёти бозҷӯии муштарак бо коршиносони Созмони федролии амният ва Вазорати умури дохилаи Русия ва нерӯҳои вижаи Горди миллӣ шаш шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт карданд.

Бозҷӯён муайян кардаанд, ки ин боздоштшудагон аз моҳи ноябри соли 2015 то кунун чанде аз муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро барои судури амалиёти теруристӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои теруристии "Ҷабҳат ун-нусра" ва "Давлати исломӣ" ҷалб кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0