Волидони Акбарҷон Ҷалиловро ба Петербург оварданд

Обуна шудан
Волидони Акбарҷон Ҷалилов - теруристи эҳтимолӣ, ки муттаҳами аслӣ дар таркиши метрои Петербург дониста мешавад, ба Петербург омаданд

Дирӯз Кумитаи бозҷӯии Русия эълом кард, ки омили инфиҷор дар метрои Петербург Акбарҷон Ҷалилов — шаҳрванди қирғизтабори Русия будааст.

Модари ин ҷавони 22-сола дар навор ба саволи рӯзноманигорон, "ки оё бовар доред ки фарзандатон теруристаст", бо ишораи сар "не" посух медиҳад.

Дар инфиҷори истгоҳи "Сенная" дар метрои шаҳри Петербург 14 кас кушта ва 49 кас захмӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0