Владмир Пучков: се шаҳрванди хориҷӣ дар инфиҷор дар метрои Петербург кушта шудаанд

© Sputnik / Виктория Виатрис / Гузариш ба медиабонкТаркиш дар метрои Санкт-Петербург
Таркиш дар метрои Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури изтирории Русия Владимир Пучков таъйид кард, ки дар миёни қурбониёни инфиҷори дирӯза дар метро се шаҳрванди хориҷӣ низ ҳаст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Вазири умури изтирорӣ шумораи қурбониёни инфиҷорро 14 нафар гуфт. Ба гуфтаи вай, дар миёни куштаву захмишудагон чанд шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳаст.

Пештар шаҳрдори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко эълом карда буд, ки дар инфиҷори метрои Петербург 17 шаҳрванди Русия ва се шаҳванди хориҷӣ куштаву захмӣ шудаанд.

"Дар миёни қурбониён ва захмишудагон шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд", — гуфт вазири умури изтирории Русия, аммо шаҳрванди кадом кишвар буданашонро мушаххас накард. Ба гуфтаи вай, ҳамакнун раванди шиносоии ҳувияти мусофирони куштаву захмишуда ҷараён дорад.

Вале Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург иттилоъот дар бораи кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистонро таъйид накард.

Намояндаи Консулгарии ҶТ дар СПб дар суҳбат бо хабарнигорамон гуфт: "Дар феҳристи кушташудагон дар ин инфиҷор номи хонаводагии шаҳрванде оварда шуда ки монанд ба номҳои хонаводагии тоҷикӣ аст. Вале ӯ тоҷик нест".

Вай афзуд: "Сарконсул дар бемористон буд ва захмишудагонро ҷӯё шуд, аммо маълум шуд ки дар миёнашон ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон нест".

Пештар шаҳрдори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко ба хабарнигорон иттилоъ дода буд ки дар натиҷаи инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон низ кушта шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар вокуниш ба ин хабар гуфт, бино бар иттилоъе ки дар даст доранд, ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон дар ин инфиҷор кушта нашуда, вале қазияро пайгирӣ доранд ва иттилоъоти дақиқу дарёфтиро эълом хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0