ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Сергей Лавров баёноти бархе аз расонаҳоро ки инфиҷор дар метрои Санкт-Петербургро интиқоми аъмоли Русия дар Сурия донистаанд, бадбинона ва нописанд хонд
Вазири умури хориҷаи Русия имрӯз дар нишасти хабарӣ бо ҳамтои қирғизаш Эрлан Абдилдаев гуфт: "Дар иртибот бо хаёлпардозиҳову истидлолҳои бархе расонаҳо, ки гӯё инфиҷор дар Санкт-Петербург интиқом аз Русия ба хотири сиёсаташ дар Сурия буда, бояд гуфт, ин гуна дидгоҳҳо бадбинона ва нописанд ҳастанд".
Вай афзуд: "Таъассуфовар аст ки ин баёнот танҳо маҳсули тафаккуроти расонаҳо нест. Чунин андешаҳое аз сӯи сиёсатмадороне чун раиси Пентагон дар давлати Обама бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар миён гузошта мешавад, замоне ки ба мо гуфтанд ҳоло ки шумо ба Сурия ва давлати Асад кумак мекунед, мунтазири тобутҳои ҷадиде бошед, ки ҷасади сарбозони шуморо ба Меҳан боз мегардонад".
Сергей Лавров таъкид кард: "Муътақидам ки ингуна бархурд барои сиёсатмадорон муносиб нест. Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, вақте ки терурисм ҳамаро беистисно таҳдид мекунад, стандартҳои дугона корсоз нестанд".