ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Шоҳқосим Шоҳисломов ин матлабро имрӯз дар маросими муъаррифии намояндагии ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" дар Душанбе гуфт. Намояндагӣ расман ду рӯз пеш ифтитоҳ шуда буд, вале ин маросим қарор буд ҳамзамон бо анҷоми нахустин парвоз аз Тошканд ба Душанбе баргузор шавад, аммо чуноне ки пештар хабар дода будем, он парвоз лағв шуд.
Сафири Узбекистон дар ин маросим гуфт, тарафҳо натавонистанд асноду мадорикро ба мавқеъ омода кунанд, аз ин рӯ парвоз 11 апрел анҷом хоҳад ёфт.
Вай гуфт: "Дар назар доштем, ки сарнишинони нахустин парвоз, ки мебоист имрӯз ба Душанбе мерасид, дар ин маросим ширкат кунанд, вале, мутаассифона, ин парвоз дертар — 11 апрел анҷом хоҳад шуд. Хоҳиш мекунам ин масъаларо ҷанбаи сиёсӣ надиҳанд. Далели лағви ин парвоз деркад дар таҳияи асноду мадорик буд.
Шоҳқосим Шоҳисломов ҳамчунин гуфт, нархи билети парвози Тошканд ба Душанбе, ки ҳамакнун 140 дулор муқаррар шуда, бояд ҳатман арзонтар шавад.