ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар истгоҳҳои "Сенная площадь" ва "Технологический институт" инфиҷор рух додааст. Бино ба иттилоъоти муқадамотӣ, дар ин инфиҷорҳо даҳҳо кас куштаву захмӣ шудаанд.
Хабаргузории РИА Новости ба нақл аз неруҳои интизомии Санкт-Петербург иттилоъ медиҳад, ки дар ин истгоҳҳо маводи мунфаҷира таркидааст. Яке аз инфиҷорҳо дар дохили вагони метро рух додааст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ аксҳое аз маҳалли инфиҷор мунташир кардаанд.
"Ин акси хира нест! Ин истгоҳи метро "Сенная" аст. Вагонҳои метрост, ки дуд ҳама ҷоро пур кардааст", — менависад дар зери акс аз ҷойи ҳодиса яке аз шоҳидон.
Истгоҳҳои "Технологический институт" ва "Сенная площадь" баста шуда, берун баровардани мусофирон давом дорад, хабар медиҳад Метрополитен.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путинро дар ҷараёни ин ҳодиса гузоштаанд.