КҲФ: дар манотиқи кӯҳӣ хатари резиши санг боқӣ мемонад

© Sputnik / Казбек Басаев / Гузариш ба медиабонкСангрезӣ, акс аз бойгонӣ
Сангрезӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон дар паи бориши бисёр чандин хона вайрон шуда ва хонаводаҳо ба ҷойҳои амн кӯчонда шудаанд, аммо то кунун хатари рехтани санг дар кӯҳистонҳо боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Боришҳои бисёр дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон дар поёни ҳафтаи гузашта сабаби фаромадани сел, ярч ва сангрезӣ гардид, хабар медиҳад КҲФ ҶТ.

Чунончи, дар маҳаллаи Шотемури шаҳри Хоруғ дар натиҷаи сангрезӣ як хона осеб дидааст. Чуноне ки хабар дода мешавад, ин бало талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Кормандони КҲФ оқибатҳои ин офати табииро бартараф намуданд.

Аммо хатари резиши санг боқӣ мемонад ва 12 хонавода ба ҷойҳои амн кӯчонда шудаанд.

Қайд карда мешавад, ки дар вилояти Хатлон низ қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар дидааст, зеро дар натиҷаи бориши зиёд якбора оби дарёчаи Сурхоб баланд гашт.  Дар деҳаи Сесангаи шаҳри Обигарм аз сабаби вуҷуд доштани хатари резиши тарма 28 нафар ба минтақаи безарар кӯчонида шуданд.

Кормандони Кумитаҳои ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон корҳои барқароркунӣ ва наҷотдиҳиро давом медиҳанд. Инчунин соҳилҳо устувор карда мешаванд. Бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ давом дорад.

Чуноне ки пештар хабар дода шуд,  Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон барои рӯзҳои наздик дар кишвар ҳавои боронӣ пешбинӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0