ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев фардо ба Маскав хоҳад рафт.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Кремл, ин сафари дурӯза ба даъвати раисҷумҳури Русия Владимир Путин сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ки "дар рафти музокирот дар сатҳи олӣ муҳимтарин масоъили равобити дуҷонибаи кишварҳо баррасӣ шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод ва фарҳангу илм чораандешӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин қарор аст чанд қарордоди ҳамкорӣ дар миёни давлатҳо, вазоратхонаҳо ва бахши хусусӣ имзо шаванд.