ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Як масъули Вазорати таробарии Тоҷикистон созмони ҳавонавардии кишварии Русияро муттаҳам ба нақзи қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ кард.
Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, ин масъули Идораи ҳавонавардии кишварӣ, гуфта, ки номаи Вазорати таробарии Русия дар бораи маҳдудсозии парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" чанде пеш дарёфт шудааст.
Ин масъул, ки номаш оварда нашудааст, афзудааст: "Дар чорчӯби иҷрои протоколи нишасти комисюни байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки моҳи январи соли равон баргузор шуд, ширкати ҳавопаймоии "Ямал" раводиди анҷоми парвоз дар масирҳои Жуковский — Душанбе — Жуковский ва Жуковский — Хуҷанд — Жуковский дар мавсими тобистон, яъне аз поёни моҳи апрелро, дарёфт кард".
Вай гуфт, "Русия бо маҳдуд кардани парвозҳои ширкати мусофирбарии "Сомон Эйр" қарордоди мусофирбарии ҳавоиро нақз кард".
Чуноне ки пештар хабар дода будем, Вазорати таробарии Русия аз соати 05:30 UTC 3 апрел парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Душанбе (4 парвоз дар ҳафта) ва аз Хуҷанд (3 парвоз дар ҳафта) маҳдуд кард.