Марги се мусофир дар натиҷаи сарозер шудани мошин ба ҷарӣ

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкЁрии таъҷолӣ, акс аз бойгонӣ
Ёрии таъҷолӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои наздик дар натиҷаи сарозер шудани автомашинаҳо ба ҷарӣ дар ноҳияи Восеъ ва Ваҳдат дасти кам се нафар ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳоҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ду ноҳияи ҷануби кишвар ҳодисаҳои сарозер гаштани мошин ба ҷарӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, 31-уми марти соли 2017, тахминан соати 04:00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Форланд", марди 32-солаи сокини ноҳияи Бохтар ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар километри 161-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷарии баландиаш тахминан 30-40 метр чаппа намудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири дохили автомашина, марди 20-солаи сокини ноҳияи Балҷувон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

Дар ин рӯз, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "КАМАЗ", марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётиаш автомашинаро ба ҷуқурии тахминан 10-метр чаппа кардааст. Дар натиҷа, худи ронанда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0