Навҷавонони тоҷик барои Ҷоми куштии Урупо зӯрозмоӣ хоҳанд кард

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкДзюдо,архивное фото
Дзюдо,архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби ҷудокорони навҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти куштии Ҷоми Урупо ки дар шаҳри Тула баргузор мешавад, зӯрозмоӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Мусобиқоти куштии "Tula Cadet European Cup-2017" фардо, 1 апрел бо ширкати беш аз 200 ҷудокори навҷавон оғоз хоҳанд ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Муҳаммадсино Баҳодурзода (55 кг), Фаррух Файзализода (55 кг), Сафарғанӣ Қурбонбеков (60 кг), Сироҷиддин Бобоев (60 кг), Абдулло Неъматов (66 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Суруш Тавакалов (66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (81 кг), Хушвахт Идиев (81 кг), Меҳроб Тағоймуродов (81 кг), Масъуд Мунавваров (90 кг) ташкил шуда ва раҳбарии онро Рускидин Раҷабов бар уҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0