Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдорони Хуҷанд ва Истаравшанро барканор кард

© Официальный сайт президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшанро иваз кард
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон руасои ду шаҳри вилояти Суғдро барканор ва ба ҷояшон дигар масъулинро таъйин кард.

Имрӯз бо фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Шарифзода ба далели гузаштан ба кори дигар аз симати раиси шаҳри Хуҷанд озод ва Маъруф Муҳаммадзода шаҳрдор таъйин шуд.

Ҳамчунин бо фармоне дигар Наим Набизода аз симати раиси шаҳри Истаравшан озод шуда ва Баҳром Иноятзода сарпарасти шаҳрдории Истаравшан таъйин шуд.

Лентаи хабарҳо
0