ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон воридоту содироти ҳаргуна китобро бидуни иҷозатномаи махсус мамнуъ кард.
Бино бар иттилоъи мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси торихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҶТ Шералӣ Хоҷаев, "новобаста аз теъдоди китобҳо, шаҳрвандон бояд аз Вазорати фарҳанг иҷоза бигиранд. Ин қонун барои ҳама кишварҳо ва ҳама китобҳо, новобаста аз хатту забонашон, яксон амал мекунад".
Вай ҳамчунин афзун, ки ин қоида ба интиқоли китоб низ дахл дорад.
Ин авохир кормандони гумрук дар марзҳо китобҳоеро ки ба забони форсӣ ё хатти арабӣ навишта шудаанд, аз мусофирон мусодира мекунанд.
Пештар Кумитаи умури дин ва Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон феҳристи китобҳоеро омода карда буданд, ки воридоташон ба кишвар мамнуъ шудааст.
Ин феҳрист умдатан адабиёти динӣ ва сеҳру ҷодуро дар бар мегирифт.
Китобҳои мамнуъшуда аз интишороти созмонҳое ҳастанд, ки фаъолияташон дар кишвар манъ карда шудааст: "Салафия", "Ансоруллоҳ", ва "Ҳизбуттаҳрир".
Кумитаи дин Шурои махсусе ташкил карда ки масъули омӯзиши адабиёти динӣ ва судури иҷзоаи вуруд ва ё интиқоли он шудааст.