Эмомалӣ Раҳмон намоди “Соли ҷавонон”-ро таъйид кард

© Sputnik / Лидия ИсамоваРаиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон аз миёни чанд тарҳи пешниҳодии наққошҳои ҷавон якеро чун намоди «Соли ҷавонон» баргузид
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ин намод доирашакл буда, гирдогирдаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки нишондиҳандаи сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон аст. Дар ҳалқа матни "СОЛИ ҶАВОНОН" ва "2017" навишта шудааст, ки ифодагари моҳияти рамз мебошад.

Дар мобайни рамз курраи замин, дар рӯи он нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат далолат медиҳад.

Дар болои нақшаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се ҷавонони дастбадаст бо рангҳои парчами миллӣ тасвир ёфтаанд, ки ифодагари иттиҳод, хушбахтӣ ва созандагии насли наврас мебошад.

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонРамзи "Соли ҷавонон" аз ҷониби президент тасдиқ ёфт
Рамзи Соли ҷавонон аз ҷониби президент тасдиқ ёфт - Sputnik Тоҷикистон
Рамзи "Соли ҷавонон" аз ҷониби президент тасдиқ ёфт

 

Ёдовар мешавем, ки 23-юми май ҳамасола дар Тоҷикистон чун Рӯзи ҷавонон қайд карда мешавад. Ҷашни мазкур бо қарори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 ташкил шуд. Бахшида ба ҷашни ҷавонон дар кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, олимпиадаҳои мактабӣ, консерт ва намоишгоҳҳо гуногун доир карда мешавад.

Илова бар ин бо пешниҳоди раисҷумҳури кишвар соли 2017- Соли ҷавонон эълон карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0