ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Нахустин ройзаниҳо миёни вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Фаластин дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Бино ба иттилоъи равобити умумии ВУХ ҶТ, дар дидори муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳамтои фаластинияш Мозен Шомия масоъили рушди равобити ду кишвар дар заминаҳои гуногуни иқтисод, бозаргонӣ, фарҳанг, таҳкими ҳамкориҳои байнулмаҷолисӣ, роҳандозии равобит миёни донишгоҳҳо ва бунгоҳҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар баррасӣ шуданд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин таҳияи санадҳои дуҷониба барои густариши заминаи қонуниву ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин баррасӣ шуданд.
Зоҳидӣ ва Шомия ҳамчунин дар бораи масоъили мубрами минтақа ва ҷаҳон ва ҳамкории ҷонибҳо дар чорчӯби Созмони милали муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва Ҳамоиши ҳамкорӣ ва эътимодсозии Осиё табодули назар сурат гирифт.
Муъовини вазири умури хориҷаи давлати Фаластин Мозен Шомия бо як ҳайъати баландпояи фаластинӣ бо сафари серӯза дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
Ёдоварӣ мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори эътироф шудани истиқлоли Фаластин аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар нишасти панҷуми фавқулоддаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) дар масъалаи Фаластин ва Қудси шариф аз талошҳои раҳбарони Фаластин ва мардуми он барои дастёбӣ ба эътирофи байнулмилалӣ пуштибонӣ карда буд.
Вай аз тарафҳои низоъ даъват кард музокироти сулҳҷӯёнаро аз сар бигиранд ва роҳи ҳалли одилона ва пойдоре дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байнулмилалӣ ҷустуҷӯ кунанд. Дар поёни кори он ҳамоиш эъломия ва қатъномаи Ҷакарта дар бораи Фаластин ва Қудси Шариф қабул шуда буд.