Дилшод Назаров: Комроншоҳро ёрӣ хоҳем дод то дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат кунад

© © SputnikДилшод Назаров
Дилшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гарчи Комроншоҳ Устопириён пас аз мусобиқаи наврӯзӣ аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти куштӣ дар кишвар маҳрум шуда, вале ҳамчунон метавонад дар хориҷ аз кишвар куштигирӣ кунад

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон Дилшрод Назаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи барканор шудани Комроншоҳ аз мусобиқаҳои куштӣ дар кишвар тавзеҳоте дод.

Вай таъйид кард, ки Комроншоҳ то соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум карда шудааст.

"Коргурӯҳе, ки ин қазияро баррасӣ мекард, аз мураббиён, раҳбарони федеросюнҳои варзишӣ ва доварон ташкил шуда буд.  Барои баррасиӣ одилонаи ин қазия худи Комроншоҳ ва устодаш Усто Устопиров низ дар ин коргурӯҳ шомил шуда буданд. Коргурӯҳ муъайян кард ки  доварон дар арзёбии зӯрозмоии Устопириён ва Саидов иштибоҳ накардаанд. Аз ин рӯ, пирӯзии Саидов дар ин мусобиқа одилона буд", — таъкид кард вай.

Дар паи ин баррасӣ ва натиҷагирӣ, қарор шуд, ки Комроншоҳ то соли 2019 аз ширкат дар мусобиқоти кишварӣ маҳрум карда шавад.

"Устопириёнро дар саросари кишвар мешиносанд. Ӯ варзишкори нерӯманд аст ва метавонад дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ пирӯзӣ ба даст оварад. Мо ба пирӯзиҳои ӯ дар мусобиқаҳои байнумилалӣ умед дорем. Муҷозот мусобиқаҳои байнулмилалӣ ва ҷаҳониро шомил намешавад. Имрӯзҳо мусобиқаҳои куштии ҷудо ба авҷи худ мерасанд. Дар пеш сабқатҳои муҳими ҷаҳонӣ ҳастанд, ки бовар дорем Устопириён дар онҳо ба хубӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.  Мо дар ин замина аз ӯ ҳеч ёриву ҳамкориро дареғ намедорем", — гуфт Дилшод Назаров.

Лентаи хабарҳо
0