ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Равобити умумии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки як марди 45-сола аз ноҳияи Айнӣ боздошт шуда ва аз ӯ 2 килуграму 177 грам симоб ёфт ва мусодира гардидааст.
Вазорати умури дохила мегӯяд, феълан нисбати боздоштшуда парванда боз шуда, бозҷӯӣ идома дорад.