Ноҳид, Фаридун Хуршед ва Сангалӣ Мирзоев дар Наврӯзи Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд

Обуна шудан
Ҳунармандони номдор дар барномаи ҷашни “Наврӯз - 2017 ” дар Маскав ҳунарнамоӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Чуноне ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, дар базми наврӯзии тоҷикон, ки якуми апрел дар ВДНХ баргузор мешавад, ҳунармандони маъруфи кишвар Ноҳид Зайналпур, Сангалӣ Мирзоев ва Фаридун Хуршед ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

 

Ҳамчунин ҳунармандон Асқаралӣ Гулов, Шаҳзод Ҳакимов ва гурӯҳи рақсии "Гулчин"  "Нур" ва "Баҳор" низ дар ин ҷашн ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки барнома аз 12:00 то 20:00 давом ёфта, вуруд ройгон аст.

Бино бар омор, соли гузашта аз барномаи Наврӯз дар Маскав, ки дар ВДНХ баргузор шуда буд, камобеш 15 ҳазор меҳмон боздид карда буд.

Ба гуфтаи  раиси маркази фарҳангии тоҷикони Маскав Хуршеда Ҳамроқулова сабаби баргузор гаштани Наврӯи тоҷикон санаи 1-уми парел "холӣ набудани толор дар Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодӣ ё ВДНХ — макони баргузории ҷашн дар Маскав" аст.

Хуршеда Ҳамроқулова гуфт, ки имсол шумораи боздидкунандагон нисбат ба порсол бештар хоҳад шуд: "Имсол дар барномаи наврӯзӣ намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Тотористон, Бошқирдистон ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард".

Лентаи хабарҳо
0