Ин намоишгоҳҳоро Бунгоҳи омӯзишии "Мултикид" бо ҳадафи таблиғи донишомӯзиву донишпажӯҳӣ дар миёни ҷавонони тоҷик ва роҳандозии равобити омӯзишӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ баргузор мекунад.
Намоишгоҳ ба боздидкунандагон имкон медиҳад, ки бо вижагиҳои низоми омӯзишии кишварҳои гуногун ошно шаванд. Довталабон имкон пайдо мекунанд, ки ройгон ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шаванд.
Ба воситаи ин намоишгоҳҳо, дар натиҷаи гузаронидани имтиҳони тестӣ, доваталабоне, ки холи зиёд мегиранд, ба донишгоҳҳои хориҷ роҳхат мегиранд ва ё дар барномаи Магистир ва Бакалавриат бо таҳримҳо таҳсил мекунанд.
Чун анъана дар намоишгоҳ дар бораи Барномаҳои омӯзишии тобистонаи хориҷӣ барои кӯдакон ва ҷавонон маълумот дода мешавад. Барномаҳои омӯзишӣ асосан барои такмил додани дониши забономӯзӣ равона карда шудааст.
Қайд карда мешавад, ки ба воситаи ин намоишгоҳ солҳои қаблин зиёда 100 донишҷӯ ба кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил равон карда шуданд.
Намоишгоҳ дар шаҳри Душанбе санаи 1-2-уми апрел дар маркази "Душанбе Плаза" ва дар Хуҷанд санаи 3-уми апрел дар бинои "Имон Интернейшнл" баргузор хоҳад шуд.