Узбакистон корхонаи нави истихроҷи тилло месозад

© Фото : Пресс-служба президента УзбекистанаРаисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар вилояти Навоӣ хишти аввали корхонаи нави истихроҷи тиллоро гузошт

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ин корхона бо ҳазинаи 396 милюн дулор сохта мешавад ва интизор меравад, ки солиёна 5 милюн тон маъдан истихроҷ кунад.

Узбакистон аз ҳисоби захираи тилло дар ҷаҳон чаҳорумин мақом ва аз ҳисоби коркарди тилло нӯҳумин мақомро дар минёи кишварҳои ҷаҳон дорад. Дар ин кишвар 41 кони тилло ёфт шуда, ки нӯҳтояшон истихроҷ мешаванд.

Ҳаҷми захоири кашфшуда ва таъйидшудаи тилло дар Узбакистон 2,1 ҳазор тон баровард шудааст. Ҳаҷми куллии захоири тилло камубеш 3,35 ҳазор тонро ташкил медиҳад.

Бузургтарин корхонаҳои истихроҷи тиллои Узбакистон дар Навоӣ ва Олмалиқ ҷой доранд.

Лентаи хабарҳо
0