"Аз ҷараёни кории гурӯҳ, ки бо таҳлилу баррасии мутахассисон ва наворҳои видеоӣ пурра муайян гардид, ки доварон ва мухлисон ба хатогӣ роҳ надоданд. Танҳо ман ба эҳсосот дода шуда, амали ношоист ба шаъни варзишгарро анҷом додаам, ки хело пушаймон ҳастам. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи мухлисон ва ҳайати доварон узрхоҳӣ мекунам", — навиштааст ин куштигир.
Вай афзудааст: "Ба қароре, ки аз ҷониби гуруҳи корӣ қабул гардидааст, ман розӣ ҳастам ва ягон эътироз надорам".
Комроншоҳ дар охир аз ҳамаи варзишгарон хоҳиш намудааст, ки этикаи варзишро нигоҳ доранд ва ба ватан содиқона хизмат кунанд.
Расонаҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки Комроншоҳ 23 март пеш аз эълони ғолиби мусобиқаи куштӣ дар Наврӯзгоҳи Душанбе бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишкор довари асосии мусобиқоти куштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо расонаҳо гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд.
Комроншоҳ Устопириён дар даври ниҳоии ин мусобиқот бо Саидҷалол Саидов зӯрозмоӣ кард ва доварон пирӯзиро ба Саидҷалол доданд.
Бино ба иттилоъи вебгоҳи расмии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ дар ҷаласаи корие ки 27 март баргузор шуда, дар баробари дигар масоъил ин рафтори Комроншоҳи Устопириён низ баррасӣ шудааст.
Ин ниҳод меафзояд, Кумита коргурӯҳе барои баррасии натоиҷи мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” аз доварон, коршиносон, раҳбарони федеросюнҳои куштии миллӣ, ҷудо ва самбо ташкил карда ки раҳбарии онро муовини раиси кумита Дилшод Назаров бар уҳда дорад. Ин коргурӯҳ муваззаф шудааст, дар кӯтоҳтарин замон мавзуъро баррасӣ ва натоиҷро эълом кунад. Ҳамзамон, Ойинномаи варзишкорӣ низ бояд таҳия ва барои таъйид ба ҳайъати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ пешниҳод шавад.