ВКД Тоҷикистон: бо нерӯҳои Амрико рангоҷанг дорем, на размоиш

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкБозии пейнтбол, акс аз бойгонӣ
Бозии пейнтбол, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабари баргузории размоиши муштарак бо нерӯҳои амниятии Амрикоро такзиб кард

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо нашри иттилоъияи расмӣ хабари баргузории размоиши муштараки зидди теруристӣ бо нерӯҳои амниятии Амрикоро такзиб кард.

Дар ин иттилоъия гуфта мешавад, ки дар асл аз 27 март то 7 апрел машқҳои тирандозӣ бо пейнтбол ё рангоҷанг ва дарсҳои назарии мубориза бо теруризм бо ширкати 100 корманди Маркази миллии мубориза бо теруризм ва маводи мухаддири Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 коршиноси амниятӣ аз ИМА баргузор мегардад.

Вазорат таъкид карда, ки ин машқҳо рабте ба размоишҳои муштараки тактикии ду кишвар надоранд.

Рангоҷанг ё пейнтбол варзише гурӯҳӣ аст ки дар он ширкаткунандагон бо туфангҳои рангандоз гулӯлаҳои рангиро ба якдигар шиллик мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0