Ҳаким Файзуллоев: бепарвоии футболбозони тоҷик сабаби шикаст аз дастаи Яман шуд

© ФФТ ТоҷикистонҲаким Файзуллоев- сармурабии дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Ҳаким Файзуллоев- сармурабии дастаи мунтахаби Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз шикаст хӯрдани футболбозони тоҷик аз дастаи мунатахаби Яман гуфт, ки аз бозии дастааш розӣ нест
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ҳаким Файзуллоев дар нишасти расонаӣ пас аз ин бозӣ гуфт, футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар майдон бепарвоёна бозӣ карданд ва ҳамин рафторашон сабаб шуд, ки даста шикаст хӯрад.

"Онҳо пиёда хостанд ҳарифро мағлуб кунанд, вале футбол хеле пеш рафтааст, ин тавр бозӣ карда ба ғалаба комёб шудан мумкин нест. Бохти мо ҳаққонияти имрӯза аст. Дар чашмони бозингарони яманӣ шӯъла меборид, барои ҳар як тӯб мубориза мебурданду худро дареғ намедоштанд.   Афсӯс, ки футболбозонро ба худ оварда натавонистем. Онҳо бо дили нохоҳам, назарногирона рафтор карданд. Ба ин сурат ғалаба ҳеҷ гоҳ худ аз худ намеояд. Барои пирӯзӣ мубориза барои ҳар як тӯб дар ҳар мавқеъ  зарурат дорад, он вақт натиҷа ҳам мешаваду ғалаба ҳам", — афзуд вай.

Имрӯз ҳар ду голро мо худамон ба дарвозаамон овардем, илова намуд сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Файзуллоев.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби  футболи Тоҷикистон  дар нахустин бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 аз дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд.

Лентаи хабарҳо
0