ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар ҷаласаи фаврии раёсати вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон масоили бартараф кардани пайомадҳои офатҳои табиъие баррасӣ шуд ки дар паи боришҳои рӯзҳои ахир дар вилоят рух додаанд ва ҳамчунин пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилоъи сардори Ситоди ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят, дар паи шоридани сел наздики деҳаи Водхуд дар ноҳияи Ванҷ, шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қарокурум баста шуда, рафту омад муваққатан қатъ гардидааст.
Ҳамчунин, дар роҳи Хоруғ ба Ишкошим наздики деҳаи Нишусп дар ноҳияи Шуғнон тарма рехта, роҳро баста аст.
Тарма ҳамчунин роҳи Хоруғ ба Роштқалъа наздики деҳаи Қурбоген дар ноҳияи Роштқалъа низ рехта, аммо онро зуд поксозӣ кардаанд ва роҳ боз шудааст. Аммо аз тармае ки шаби 28 март дар мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ фурӯ рехта, 6 хона осеб дидаст.
Иқоматкунандагони ин хонаҳои осебдидаро дар хонаҳои хешу таборашон ҷой додаанд.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар ин ҷаласа супориш додааст, ки сокинони водии Бартанг ва ноҳияи Рӯшон бо маводи хӯрокӣ таъмин карда шаванд. Имрӯз бо чархбол ба водии Бартанг хӯрокворӣ расонида мешавад. Ҳамакнун 4 троктури роҳдорӣ роҳи Бартангро поксозӣ мекунанд.
Ҳавошиносон пешбинӣ кардаанд, ки то 8 апрел бориши беисти борони омехта бо барф дар назар аст. Аз ин рӯ, масъулин муваззаф шудаанд ки барои мардуми вилоят барномаҳои рӯшангарӣ дар бораи балоҳои табиъӣ ва бартарафсозии пайомадҳои онҳо баргузор кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари рехтани тарма ва сел боқӣ мемонад.