Пероишгаре аз Озарбойҷон чашмбаста мӯйороӣ мекунад

Обуна шудан
Пероишгаре аз ноҳияи Гӯронбой дар Озарбойҷон бо шевае ғайриоддӣ мӯйсари муштариёнро пероиш мекунад. Дар ин навор ҳунари ӯро тамошо кунед

Sputnik Озарбойҷон гузорише аз пероишгоҳи Афиқ Искандаров омода кардааст. Ин ҷавони 24-сола дар ноҳияи Гӯронбой зиндагӣ дорад ва даҳ сол боз дар пероишгоҳ ё ороишгоҳи мардона кор мекунад.

Афиқ мӯйсари муштариёнро чашмбаста пероиш мекунад ки дар ин замина дар зодбумаш ҳамто надорад.

Вай мегӯяд: "Аввал бо чашмони баста мӯйсар перостан мушкил буд, ҳатто чанд бор худро бо қайчӣ захмӣ ҳам кардам. Вале рафта-рафта корамро беҳтар кардам. Ман ин равишро аз барои он ба кор мебарам, ки мехоҳам бо дигарон тафовут дошта бошам".

Афиқ бо итминон мегӯяд, ки омода аст дар ҳар гуна озмуни пероишгарӣ ширкат кунад ва пирӯз хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0