ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Айзирек Миктибекова — қирғиздухтаре ки дар озмуни зебоии "Мисс Бишкек — 2016" пирӯз шуда буд, аз барои шавҳар кардан аз тоҷу унвонаш даст кашид.
Баргузоркунандаи ин озмун Рисқул Намозбекова дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Қирғизистон гуфт: "Пас аз баргузории озмун донистем ки Айзирек мехоҳад бо ҷавоне хонавода бар по кунад. Аз ин рӯ вай бо дархости номзадаш ариза навиштаву аз унвонаш даст мекашад".
Бино бар муқаррароти озмун, тоҷу унвони "Мисс Бишкек 2016" ба Айзат Қодирова гузашт, ки дар он озмун дувум шуда буд.