ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон дар ин сафари дурӯза ки ба даъвати расмии раисҷумҳури Русия Владимир Путин анҷом мегирад, музокироти муштараке бо ҳамтои русии худ ва мақомоти баландпояи русӣ хоҳад дошт. Интизор меравад ки дар ин музокирот муҳимтарин мавзуъҳои ҳамкориҳои дуҷониба, масоили минтақаӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Бино ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳурии Русия, дар ҷараёни ин сафар Русия ва Эрон чанд санади ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқӣ ва қазоӣ, роҳу шаҳрсозӣ, фанноварӣ ва иртиботот, нерӯ ва энержӣ, гардишгарӣ ва варзиш имзо мекунанд.
Ҳасан Руҳониро дар ин сафар намояндагони бахши хусусии иқтисоди Эрон низ ҳамроҳӣ мекунанд ва интизор меравад ки бозаргонон ва фаъолони иқтисодии ду кишвар низ нишастҳои муштарак ва гуфтугӯҳое дар заминаҳои гуногун хоҳанд дошт ва мувофиқатномаҳое низ барои ҳамкории бахшҳои хусусии Русия ва Эрон ба имзо мерасад.
Раисҷуҳури Эронро дар ин сафар ҳамчунин вазирони умури хориҷа, нафт, санъати маъдану тиҷорат ва муъовинонаш дар Созмони энержии атомӣ, Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарӣ ва раиси кулли Бонки Марказии ҶИЭ ҳамроҳӣ мекунанд.