Ван дер Беллен ба Раҳмон: фосилаҳо монеъи ҳамкорӣ намешавад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаиси ҶТ Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҶТ Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Утриш Александр Ван дер Беллен ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишварро ба якдигар табрик гуфтанд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Александр Ван дер Беллен дар паём ба ҳамтои тоҷикаш таъкид кардааст, ки фосилаҳои ҷуғрофиёӣ монеъи идомаи ҳамкориҳои ду кишвар нахоҳанд шуд.

Раисҷумҳури Утриш равобити ду кишварро дар 25 соли гузашта мусбат ва рӯ ба густариш арзёбӣ карда ва хоҳони баҳрагирӣ аз имкониятҳои билқувваи ҳамкориҳо шудааст.

"Ман боварии комил дорам, ки равобити кунунии дӯстона дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин фарҳангӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт", — гуфтааст вай.

Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар паёми табрик ба ҳамтои утришияш аз густариши ҳамкориҳои ду кишвар хушнудӣ карда ва гуфтааст: "Муносибатҳои байнидавлатии мо бо такя ба усули ҳусни тафоҳум, эътимод ба ҳамдигар ва эҳтироми мутақобила ба сатҳи назаррас расидаанд".

Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи неки равобити гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Утриш умедворӣ карда хостори идомаи ҳамкориҳои судманд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0