Сину сол монеъа нест: зани 74-сола дар варзишкада

Обуна шудан
Зани 74-сола-Тамара Кожанова аз Қазоқистон аст. Ӯ ҳар рӯз ба варзиш машғул мешавад ва панҷ сол мешавад, ки тарзи ҳаёти солим дорад

Баъди ба шаҳри Остона кӯч бастан, Тамара Канафевна тасмим гирифт, ки ба варзиш машғул мешавад. Ӯ дар толори варзишии Fit Emotion. Бино ба иттилоъи Sputnik Қазоқистон ин зани 74-сола ба синну соли худ нигоҳ накарда дар баробари ҷавонон дар варзишкада ба машқи бадан машғул мешавад.

Аз рӯи реҷа ӯ дар рӯзҳои корӣ ба толори варзишӣ омада, дар рӯзҳои истироҳатӣ ба давидан машғул мешавад. Ба гуфти Тамара Канафевна бо ҳамин реҷаи варзишиаш ӯ ҳамчунин барои нигоҳубини набераҳояш низ вақт меёбад.

"Панҷ сол мешавад, ки ман ба варзиши бадан машғул ҳастам. Ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки аз ҳамин рӯз ба варзиш машғул шаванд. Варзиш ба саломатии инсон фоидаи калон дорад".

Ба қавли ӯ машғул шудан ба варзиш барояш нерӯи тоза мебахшад ва ӯ худро дар ҳамин синну сол хеле хуб ҳис мекунад.

Лентаи хабарҳо
0