Видео-мэппинг: таҷлили Наврӯзи "замонавӣ" дар Душанбе

© Sputnik Наврӯз дар Душанбе
Наврӯз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои аввалин бор дар пойтахти Тоҷикистон бо исифода аз таҷҳизоти ҳозиразамон-видео-мэппинт шоу барномаи фарҳангӣ фароғатӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии сарпарасти шаҳрдории Душанбе, санаи 23-24-уми март бахшида ба ҷашни Наврӯз дар майдони 800-солагии пойтахт барномаи фароғатӣ фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳунармандон ва мутахассисони соҳаи ҳунар шоу-барномаро, ки аз тасвирҳои зинда иборат буд, падидаи  ҷадид дар санъати ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд.

Ҳазорҳо нафар сокинон ва меҳмонони пойтахти ҷумҳурӣ ин барномаи нави ҳунариро тамошо карда, ба созмондиҳандагони он баҳои баланд доданд.

Барномаи фароғатӣ фарҳангӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамон, видео-мэппинг барои аввалин бор дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.

© Фото : Аз дафтари матбуоти сарпарасти шаҳрдорӣБарномаи вмдко-мэппинг дар Душанбе
Барномаи вмдко-мэппинг дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барномаи вмдко-мэппинг дар Душанбе

Лентаи хабарҳо
0