Раисҷумҳури Тоҷикистонро аз Суғд бо рақсу суруд гусел намуданд

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурГусели раисҷумҳур аз вилояти Суғд
Гусели раисҷумҳур аз вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд раҳбарон ва бархе аз сокинони вилояти Суғд гусел намуданд.

Аз ҷониби ҷавонону наврасон ба хотири гусели раисҷумҳур барномаи консертӣ омода шуда буд.

ЭмомалӣРаҳмон дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунармандони Хуҷанд дар назди Эмомалӣ Раҳмон "бе фонограмма" суруд хонданд

Манбаъ меафзояд, ки раисҷмуҳри Тоҷикистон қабл аз баргаштан ба пойтахт дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷнд якчанд сохтмони навро ба баҳрабардорӣ расонид. Аз он ҷумла "Толори ҷавонон" аст, ки махсусан ба муносибати Соли ҷавонон бозсозӣ шудааст. Ин толорро, ки соли 1970 бунёд шуда, ширкати саҳомии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" пурра бозсозӣ ва навсозӣ кардааст. Акнун толори маҷлисгоҳ 250 сандалӣ дорад ва барои баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангиву сиёсӣ созгор карда шудааст.

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурИфтитоҳи толори ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи толори ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи толори ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд

Ҳамчунин ба муносибати Соли ҷавонон рестуроне бо 220 сандалӣ бунёд гардида ки раисҷумҳур дари онро ба рӯи муштариён боз кард. 

Лентаи хабарҳо
0