Таронаи “Рафшан ва Ҷамшуд”: “Между нами тает лёд, ФМС нас не найдёт”

© Фото : YouTubeМуҳоҷирони сурудсароӣ карданд
Муҳоҷирони сурудсароӣ карданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намоҳангеро ки муҳоҷироне аз Осиёи Марказӣ сохтаанд, дар як рӯз 24 ҳазор кас боздид кард

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik, Екатерина Маркова. Намоҳанге ҳаҷвомез ки муҳоҷироне аз Осиёи Марказӣ дар тақлид аз оҳанги маъруфи "Тает лёд" (барф об мешавад) сохтаанд, бо истиқболи шигифтангези корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Ин намоҳангро дар ним рӯз чандин ҳазор кас боздид карда ва баҳс дар борааш дар шабакаҳо хабарсоз шудааст.

Дар ин намоҳанг муҳоҷироне пӯшоки корӣ ба тан, зиндагиву кору аҳволи худро бозгӯ мекунанд. Дар намоҳанг мисраъҳое чун "Я — красавчик, но без документов", "Между нами тает лед, ФМС нас теперь не найдет. Мы промокнем под дождем, но семье деньги переведем" садо медиҳад.

Бархе бар ин гумонанд ки дар ин намоҳанг шаҳрвандони Тоҷикистон нақшофаринӣ мекунанд, аммо сароянда дар мисраъе аз Тошканд ном мебарад ва корбарон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ бештар аз шаҳрвандони Узбакистон ёд мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0