ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳорияе амалиёти теруристӣ дар Ланданро шадидан маҳкум кард. Дар ин изҳорот, ки дафтари матбуъотии Вазорати умури хориҷа мунташир кардааст, гуфта мешавад:
"Дар иртибот ба хабари фоҷеабори амали террористӣ дар назди бинои Парлумон дар шаҳри Лондон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо мардуми осоишта гашт, ҷониби Тоҷикистон тасаллияту ҳамдардии амиқи худро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳон аст.
Мо ин амали ғайриинсонии интиҳориро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеъонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем".
Ёдоварӣ мекунем, ки дар амалиёти теруристие ки 23 март дар маркази шаҳри Ландан сурат гирифт, чаҳор кас кушта ва бист кас захмӣ шуданд.